Феврал 07, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи Созмони ЭКО ба раёсати Тоҷикистон дар Теҳрон

Нишасти давраии Созмони ЭКО ба раёсати Тоҷикистон, дар Теҳрон, пойтахти ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

Раёсати ин нишаст ба уҳдаи Неъматуллоҳи Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон буд.

Тибқи иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар Нишасти ЭКО ба раёсати Тоҷикистон масоили ҷории ин созмон, аз ҷумла тадвини барномаи корӣ барои 2019 ва ҷадвали пардохти ҳаққи узвияти кишварҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ин 236-умин Нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ – ЭКО аз ибтидои таъсисаш буд.

Тоҷикистон то 2020 раёсати ЭКО-ро дар ихтиёр дорад.