Феврал 07, 2019 13:50 Asia/Dushanbe
  • Сафири тозатаъинишудаи Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Назарбоев тақдим кард

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эътимодномаи худро супорид.  

Ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, президенти Қазоқистон зимни муроҷиат ба сафирон, таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатиро муҳим арзёбӣ намуд.

Аз ҷумла, Назарбоев иброз дошт, ки Қазоқистон ба рушди муносибатҳои анъанавии мутақобилан судманд ва стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, ба ҳамкории Остона ва Душанбе дар доираи чунин созмонҳо, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ ва ғ. фаъолона таҳким мебахшад.

Назарбоев ба Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ раёсати бомуваффақият таманно намуда, омодагии худро барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳор дошт.

Дар фарҷом Назарбоев сафиронро бо оғози расмии фаъолияти дипломатиашон дар Қазоқистон табрик гуфта, ба онҳо дар кори рӯзмарраашон муваффақият орзу намуд.