Феврал 08, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Ширкати тими миллии дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии Порис

Тими миллии дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқоти “Paris Grand Slam-2019”ширкат мекунад.

Ба навиштаи сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тими миллии дзюдои Тоҷикистон, ки муштамил бар 6 дзюдокор аст, дар ин мусобиқоти байналмилалӣ, ки рӯзҳои 9 ва 10 феврал баргузор хоҳад шуд, ҳузур хоҳад ёфт.

Бино бар эъломи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Муҳаммадбиеков дар вазни то 73 килограмм, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 килограмм, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Темур Раҳимов дар вазни боло аз 100 килограмми дзюдокорони тоҷикистонӣ ҳастанд, ки дар ин мусобиқот ширкат мекунанд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии Гранд Слами Порис, 360 мард ва 240 зан дзюдокор аз 98 кишвар ҷаҳон ширкат хоҳанд кард ва ширкаткунандагон имкони дарёфти имтиёзҳои олимпиро ба даст меоваранд.