Густариши равобит бо Эрон – авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41631-Густариши_равобит_бо_Эрон_авлавияти_сиёсати_хориҷии_Тоҷикистон
Раиси ҷадиди Маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эронро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 12, 2019 06:57 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобит бо Эрон – авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Раиси ҷадиди Маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эронро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш донист.

Диловар Қодирзода зимн таъкид бар густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2019 гуфт, дар соли ҷорӣ сафирони ҷадиди ду кишвар таъйин мешаванд ва бо талоши ду тараф равобит беҳбуд хоҳад ёфт. Раиси ҷадиди Маркази таҳқиқоти роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон хост, барои густариши равобити ду кишвар ба Душанбе сафар кунанд.

Равобити Теҳрону Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо ба расмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯйи Эрон оғоз шудааст.