Феврал 12, 2019 14:46 Asia/Dushanbe
  • Мошинҳои борбари Тоҷикистон ҳамчунон пушти марзи бастаи Туркманистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, Туркманистон ба мошинҳои борбари кишварҳои дигар, ки барои Тоҷикистон бор ва коло меоваранд, иҷозаи вуруд аз марзи худро медиҳад, аммо мошинҳои борбари худи Тоҷикистон ҳамчунон иҷозаи убур аз қаламрави Туркманистонро надоранд.

Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, мақомоти туркман аз 4-уми феврал ба ин тараф иҷоза намедиҳанд, мошинҳои борбари Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Тарафи тоҷик мегӯяд, ки то ҳол ҳеҷ посухи расмӣ аз мақомоти Туркманистон дарёфт накардааст. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон рӯзи 11 феврал гуфт, мақомоти Ашқобод ахиран ба мошинҳои борбаре, ки аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Туркия ба Тоҷикистон бор меоваранд, иҷозаи убур аз марзи худро додааст, аммо бо гузашти ҳудуди даҳ рӯз ва бо вуҷуди талошҳои мақомоти тоҷик ҷониби Туркманистон иллати бастани марзи худ ба рӯйи мошинҳои борбари тоҷикро эълом накардааст.

Яке аз намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод гуфтааст, бо ронандагоне, ки дар нимароҳ мондаанд, дар тамос ҳастанд ва ба онҳо ин вазъро шарҳ додаанд. Ба гуфтаи ин намояндаи сафорат, дар Фароби Туркманистон ҳудуди 8 мошин дар роҳ мондаанд, аммо дақиқ намедонанд, ки дар Эрон чанд мошини борбари Тоҷикистон банд мондаанд.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон мегӯяд, соҳибони мошинҳои борбар метавонанд аз ду роҳ, Ҳироти Афғонистон ва бандари Озарбойҷон истифода кунанд. Аммо ба гуфтаи яке аз ронандагон, ин ду масир барои борбарон бисёр тӯлонӣ аст ва ҳазинаҳои изофии зиёде ба ҳамроҳ дорад.

Ин аввалин дафъа нест, ки Туркманистон бидуни ҳеҷ тавзеҳи расмӣ убури мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад.

Тоҷикистону Туркманистон ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки соли гузашта дар равобитаашон сардӣ ҳодис шудааст. Ин ду кишвар ҳарчанд барои якдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб меоянд, аммо ҳаҷми тиҷораташон ночиз аст.