Феврал 13, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Марги хомӯши се узви як хонавода дар Хатлон

Се тан аз аъзои як хонавода дар ноҳияи Кӯшониён, аз тавобеи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон бар асари танаффуси гази ангиштсанг ҷон бохтанд.

Ба гузориши СА нюс, Зокир Шокиров, ки бахше аз хонаашро табдил ба мағоза карда буд, ҳамарӯза аз субҳи зуд маводи мавриди ниёзи сокинони маҳалро арза мекард. Субҳи рӯзи ҳодиса замоне, ки ҳамсоягон барои харид ба ин мағоза муроҷиа карданд, бар хилофи ҳамеша бо дарҳои баста рӯ ба рӯ шуданд. Бо гузашти сооте, мардум, ки нигарони Зокир Шокиров шуда буданд, саъй карданд бо фишор додани панҷараи сохтмон аз ӯ хабаре бигиранд , аммо манзараи ваҳшатноки марги падар ва фарзандонашро мушоҳида карданд. Модари хонадон шаби фоҷеа дар хонаи хешовандонашон дар меҳмонӣ буда, баъди шунидани ин хабар дар бемористон бистарӣ шуд.

Мақомоти пизишкии Хатлон иллати марги дилхароши аъзои ин хонаводаро нашти гази ҳосил аз сӯхти ангиштсанг эълом кардаанд.

Сокинони минтақаи Зарнисор дар ноҳияи Кӯшониён ҷасадҳои Зокир Шокирови 49 сола ва фарзандонаш Анаси 19 сола ва Мадинаи 18 соларо рӯзи гузашта ба хок супурданд.

 

Барчасп