Феврал 14, 2019 10:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори хайрбоди сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Зариф

Неъматуллоҳи Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар поёни давраи маъмурияти худ бо вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва хайрбод гуфт.

Муҳаммадҷаводи Зариф асри чаҳоршанбе дар ин дидор бо ишора ба ногусастанӣ будани пайвандҳои Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Заминаи ҳамкориҳои зиёде байни ду кишвар вуҷуд дорад ва ба ҳамин далел ширкатҳои бисёре аз Эрон муштоқи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисоди бо Тоҷикистон ҳастанд.

Пеш аз ин, Диловар Қодирзода, раиси ҷадиди Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, густариши равобит бо ҷумҳурии исломии Эронро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш донист.

Равобити Теҳрон-Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар 1991 бо ба расмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯи ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шудааст.

 

 

Барчасп