Ҳукми зиндони тӯлонимуддат барои як ДИИШ-ӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2019-02-15T15:42:53+00:00 )
Феврал 15, 2019 20:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндони тӯлонимуддат барои як ДИИШ-ӣ дар Тоҷикистон

Яке аз аъзои гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Тоҷикистон ба 30 сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши Азия-Плюс, Додгоҳи шаҳри Душанбе Баҳриддин Шарофиддиновро ба иттиҳоми тадоруки инфиҷори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндони низомаш сахт кард.

Ин шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон қаблан дар Русия ба иллати таблиғи афкори террористӣ ва ифротӣ ҳабс шуда буд.

Мақомоти додгоҳӣ мегӯянд, Шарофиддинов замони ҳабс дар Русия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо намояндагони ДИИШ иртибот барқарор ва бо ин гурӯҳ байъат кардааст.

Вай пас аз озодӣ аз зиндони Перми Русия ба Тоҷикистон омада ва кори омодсозии инфиҷори бинои идораи полиси ноҳияи Фархор ва маҳалли ҷамъшавии мардум ва низ пойгоҳи 201-и Русияро думбол мекард, ки тавассути неруҳои полис боздошт шуд.

Баҳриддин Шарофиддинов дар додгоҳ эълом кардааст, ки аз амалҳои худ пушаймон нест ва то охири умр ба ДИИШ вафодор мемонад.