Феврал 16, 2019 15:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ҳинд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раисҷумҳури Ҳинд Рам Нат Ковинд паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём гуфтааст, ки аз амалиёти интиҳорӣ дар ду иёлат бисёр нигарон аст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Хабари амали террористӣ дар иёлоти Ҷому ва Кашмири Ҳиндустон, ки муҷиби ҷон бохтани 45 нафар кормандони полис ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди ин ҷумҳурӣ шуд, моро андӯҳгин кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони башар алайҳи терроризмро қотеъона таъкид мекунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд: «Бо изҳори таслият ба мардуми Ҳиндустон хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбониён бирасонед. Барои маҷруҳ шудагон шифои комил хоҳонем».

Ба гуфтаи сомонаи Еаронюс, Ҳинд зимни маҳкум кардани ҳамлаи интиҳории рӯзи панҷшанбе, 14 феврал ба корвони ҳомили нерӯҳои амниятӣ дар бахши таҳти контроли худ дар иёлати Ҷому ва Кашмир, хоҳони эъмоли муҷозоти шадид бар зидди гурӯҳи Ҷайш Муҳаммад шуд. Ин гурӯҳ сооте пас аз ин ҳамлаи маргбор масъулияти онро бар ӯҳда гирифт.

Ин ҳамла, ки шумори қурбониёни он аз сӯйи бархе хабаргузориҳо беш аз 40 нафар унвон шудааст, рӯзи панҷшанбе дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки омили интиҳорӣ мошини пур аз маводи мунфаҷираро ба як автобуси корвони нерӯҳои амниятии Ҳинд кӯбид.