Феврал 16, 2019 20:59 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 38.9 дарсад расид

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 38.9 дарсад тавлиди нохолиси миллии ин кишвар расид.

Ба гузориши сомонаи CA News, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси натоиҷи соли 2018 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиарду 900 миллион доллар баробар бо 38.9 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ расидааст.

Мизон қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 ба беш аз 2 миллиарду 800 миллиондоллар расида буд, ки Чин бо як миллиарду 200 миллион доллар талабкор(қарзхоҳ) аз Тоҷикистон, бузургтарин манбаъи дарёфти қарзи давлати Душанбе будааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, Бонки Рушд Осиё 235 миллион доллар ва Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.

Қаҳҳорзода таъкид кардааст, ки барои бозпардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон имсол 224 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Вазири молияи Тоҷикистон, давлат қасд дорад дар се соли оянда 850 миллион доллар қарзи хориҷӣ барои иқтисоди ин кишвар ҷазб кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ эълом карда, ки давлати Тоҷикистон дар солҳои 2016 ва 2017 бо афзоиши қарзҳои хориҷии худ, заминаро барои дарёфт қарзҳои хориҷии бештар фароҳам кардааст.

Далоили афзоиши қарзои хориҷии Тоҷикистон дар ин 2 сол, фурӯши 500 миллион доллар саҳоми молии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар хориҷ аз кишвар, ҷазби қарзҳои ҷадид аз Чин ва интишори қоғазҳои қимматбаҳо ба манзури ҳимоят аз бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон унвон шудааст.

 

Барчасп