Дидори Шарофиддин Гадоев бо бастагонаш дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41762-Дидори_Шарофиддин_Гадоев_бо_бастагонаш_дар_Душанбе
Яке аз аъзои пешини “Гурӯҳи 24” бо интишори аксе аз Шарофиддин Гадоев, яке аз муасисони ин гурӯҳ аз дидори вай бо бастагонаш дар шаҳри Душанбе хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 17, 2019 06:18 Asia/Dushanbe
  • Дидори Шарофиддин Гадоев бо бастагонаш дар Душанбе

Яке аз аъзои пешини “Гурӯҳи 24” бо интишори аксе аз Шарофиддин Гадоев, яке аз муасисони ин гурӯҳ аз дидори вай бо бастагонаш дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Меҳрубон Сатторов бо интишори аксе дар сафҳаи Фейсбуки хеш гуфтааст, ки мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон заминаи дидори Шарофиддин Гадоев бо бастагонашро фароҳам кардаанд.

Вай дар соли 2012 ба далели ихтилоф бо шарикони тиҷории хеш, ки мавриди ҳимояти мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон буданд, аз ин кишвар хориҷ шуд ва ду рӯз қабл ба ин кишвар баргашт ва бори нахуст бо модар, хоҳар ва хоҳарзодааш дидор кардааст.

Шарофиддин Гадоев пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бо интишори ду навори видеоӣ ин иқдоми хешро довталабона эълом кардааст.

Вай қаблан ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ифротӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоӣ байналмилалӣ қарор дошт. Акнун мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардаанд, ки иттиҳоми Шарофиддин Гадоев қочоқ ва сохтакории санадҳо аст.

Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Шарофиддин Гадоев ба ихтиёри худ дар шӯъбаи умури дохилии фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳозир шуда ва гуфтааст, ки аз амалҳояш самимона пушаймон аст.