Феврал 17, 2019 15:29 Asia/Dushanbe
  • Марги машкуки сарбози 20-сола дар Роғун

Илҳомҷон Худойбердиев, сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар воҳиди низомиаш дар ноҳияи Роғун ба таври машкуке ҷон бохта буд, дар ноҳияи Деваштич ба хок супурда шуд.

Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, ҷасади ин сарбози 20-сола рӯзи 16 феврал дар зодгоҳаш рустои Работи ноҳияи Деваштич ба хок супурда шуд.

Бародари ин сарбози марҳум Муродҷон Худойбердиев гуфтааст, ки сабаби марги Илҳомҷон ҳанӯз мушаххас нест, аммо онҳо тасмим доранд худашон пайгири ин мавзӯъ бошанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон марги ин сарбози ҷавонро таъйид ва эълом кард, сабаби марги ин сарбоз дар ҳоли таҳқиқу баррасӣ аст ва натоиҷи он то ду рӯзи дигар эълом мешавад.

Наздикони Худойбердиев, ки дар маросими дафни ӯ ширкат доштанд, гуфтаанд, ки дар бадани ӯ осори захми як тир мушоҳида шудааст.

Илҳомҷон Худойбердиев якуним сол пеш ба сафи артиши Тоҷикистон пайваста буд. Вай дар яке аз қисматҳои низоми Роғун хидмат мекард ва то поёни хидматаш фақат шаш моҳи дигар боқӣ монда буд.

Дар маросими дафни ин ҷавон раиси ноҳияи Деваштич ҳузур дошт.