Феврал 18, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Садамаи пурқурбонӣ дар Данғара

Нимаи дувуми рӯзи 17 феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб дар наздикии ноҳияи Данғара бар асари бархурди ду мошин панҷ нафар ҷон бохтанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ба гуфтаи шоҳидон дар ин садама, ронандаи яке аз мошинҳо ва ду мусофири он ки зан ва аз ноҳияи Фархор буданд ҷон бохтанд ва ҳамчунин аз мошини дигар як мард ва як зан, ки аз ноҳияи Данғара буданд, кушта шуданд.

Мақомоти ноҳияи Данғара тоҳол ҳеҷ шарҳи расмие дар инбора надодаанд.

Бинобар иттилои манбаъ ин ҳодиса дар наздикии маҳалли ҳодисаи террористии чаҳор сайёҳи хориҷӣ рух дод.

Чаҳор сайёҳ аз кишварҳои Амрико,  Нидерланд ва Шветсария дар 29 июл 2018 дар ҳамин ноҳия бадасти муҳоҷимон кушта шуднд.