Феврал 18, 2019 14:15 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани дубораи як гузаргоҳи марзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон

Як гузаргоҳи марзӣ, ки шимоли Афғонистонро ба минтақаи Шоҳини Тоҷикистон муттасил мекунад баъд аз гузашти шаш моҳ бо дархости Кобул дубора боз шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин иқдом бо дархости Кобул ва ба манзури пешгирӣ аз маҳрумияти бештари мардуми минтақаҳои шимолии Афғонистон сурат гирифта, ки бар асари омадани барф ва тарма дар инзиво қарор доранд.

Бо боз шудани ин гузаргоҳ, мошинҳои борбарии ҳомили маҳсулоти ғизоӣ ва дигар колоҳои зарурии аввалия аз Тоҷикистон ба шимоли Афғонистон ҳаракат карданд.

Тарафи тоҷикӣ ба таври якҷониба ҳудуди шаш моҳ қабл фаолияти ин гузаргоҳро ба далели фаолияти Толибон ва қочоқбарони маводди мухаддир дар минтақаҳои ҳамҷавор бо ин кишвар масдуд карда буд.

Сохти ин гузаргоҳи 180 метрӣ бар руи рӯдхонаи "Панҷ" бо сармоягузории Иттиҳодияи Аврпуо дар охирҳои тобистони солии 2017 такмил шудааст.

Ҳаҷми куллии ҳазина ин прожа ҳудуди 16 миллион евра эълом шуд.