Феврал 19, 2019 17:40 Asia/Dushanbe
  • Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қатар дар Доҳа дидор карданд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Доҳа бо вазири корҳои дохилии Қатар мулоқот намуд.

Ба гузориши Форс, вохурии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Қатар Шайх Абдулло бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар арсаи амният, атрофи чолишҳои минтақавӣ ва рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.