Феврал 19, 2019 21:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор, эҳтимоли бориши шадиди барф ва тармафароӣ дар шимол ва шарқи Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи бориши шадиди барф ва тармафароӣ аз 19 то 21 феврал дар масирҳои кӯҳистонии Душанбе ба Хуҷанд ва қаламрави вилояти Бадахшон ҳушдор дод.

Ба нақл аз Спутник, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли бориши шадиди барф ва тармафароӣ дар роҳи Душанбе ба Хуҷанд ва вилояти Бадахшон дар рӯзҳои оянда, шаҳрвандон аз сафарҳои ғайризарурӣ ба ин манотиқ худдорӣ кунанд.

Бар асари тармафароии як моҳи ахир дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон 5 тан кушта шудаанд ва 13 хона низ ба таври комил тахриб шудааст.

Дар паи бориши барфи бесобиқа ва тармафароӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим, Рушон, Раштқалъа ва Шуғнони вилояти Бадахшон хисорати фаровоне ба таъсисоти зербиноӣ ба вижа роҳҳои иртиботии ин минтақа ворид омадааст.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон минтақае умдатан кӯҳистонӣ аст ва рустоҳои зиёде дар ин вилоят дар хатари тармафароӣ қарор дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки танҳо дар январи имсол беш аз 120 мавриди тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳистонии кишвар ба сабт расида, ки иртиботи миёни марказ ва шимоли ин кишварро барои муддате қатъ кардааст.

 

Барчасп