Поинтарин суръати интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон дар январи соли ҷорӣ
Моҳи декбари соли гузашта низ байни 124 кишвар Тоҷикистон дар ҳамин мақом қарор дошт.
Ба иттилои рейтигни Ookla, дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи январи соли 2019) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт.
Портали интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги ҳармоҳаи Speedtest Global Index-ро ба нашр расонид, ки дар он дар бораи суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон аз рӯи натиҷаҳои моҳи январи соли 2019 маълумот дода шудааст.
Аз рӯи суръати интернети мобилӣ муаллифони рейтинг Тоҷикистонро пас аз Афғонистон (зинаи 136-ум) дар мақоми 137-ум гузоштаанд.
Аввали соли гузашта суръати интернети мобилӣ 5,72 Мбит/сонияро ташкил дода, моҳи ноябр то ба 4,9 Мбит/сония поин рафт.
Байни кишварҳои ИДМ Қазоқистон дар ин феҳрист мақоми 85, Русия – 82, Қиргизистон – 111 ва Узбакистон – зинаи 129-умро касб кардаанд.
Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ байни 177 кишвари саросари дунё Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 15,66 Мбит/сония мақоми 113-умро касб кардааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти моҳи декабри соли гузашта, байни 124 кишвари дунё Тоҷикистон аз рӯи суръати интернет зинаи охир – 124-умро ишғол намуда буд. Он замон доир ба суръати интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон маълумот зикр нагардида буд.
Чанде қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дод, ки аз аввали баҳор суръати интернет дар кишвар боло ва сифати он беҳтар шуда, ҳамчунин интернет арзон хоҳад шуд ва ҳаҷми хати гузариш аз 20 Гигабит то 50 Гигабит меафзояд.