Баррасии ҳамкориҳои тиҷории Тоҷикистон ва Ҷопон дар Душанбе
(last modified Thu, 21 Feb 2019 14:37:53 GMT )
Феврал 21, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои тиҷории Тоҷикистон ва Ҷопон дар Душанбе

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси намояндагии Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон дар шаҳри Душанбе, дидор ва чӣ гунагии афзоиши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши Форс, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Монобо Шимойоширо, раиси намояндагии Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон (Jitro)дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҷумъахонзода дар ин дидор гуфт, ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳоли ҳозир, мавриди таваҷҷуҳи вижаи маҳофили тиҷории тоҷик қарор дорад.

Вай дар ин мулоқот аз талошҳои давлати Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди шароити муносиб барои тавсеаи бахши хусусӣ хабар дод.

Ҷумъахонзода афзуд, дар ин росто солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон аз сӯи раисиҷумҳури ин кишвар ба унвони солҳои тавсеаи русто, гардишгарӣ ва саноати дастӣ, номгузорӣ шуда ва стратегияи миллии тавсеаи кишвар то соли 2030 тасвиб шуда, ки шомили теъдоде аз авлавиятҳои тавсеа, дастуруламалҳои стратегӣ ва роҳҳои иртиқои судоварӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Раиси намояндагии Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон низ дар ин дидор ба таври вижа ба афзоиш алоқамандии тоҷирони ҷопонӣ барои тавсеаи иртибототи баландмуддат бо тавлидкунандагони маводи ғизоӣ бо кайфияти болои тоҷикӣ ишора кард.

Вай гуфт, Тоҷикистон як бозори бисёр рақобатпазир аст ва бо кумаки Утоқи савдо ва саноати ин кишвар, мо метавонем хатте байни маҳофили тиҷории ду кишвар эҷод ва ҷараёнҳои тиҷорӣ ва сармоягузориро бо дарназар гирифтани суди мутақобил афзоиш диҳем.

Тарафайн ҳамчунин дар ин мулоқот дар заминаи табодули иттилоот дар мавриди бахшҳои хусусии ду кишвар ва баррасии масоили ҳузури тоҷирони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои Ҷопон ва ширкати маҳофили тиҷории Ҷопон дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон ибрози алоқамандӣ карданд.

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳадафи сафари намояндагони Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон мустақар дар Тошканд ба Душанберо, барқарории ҳамкорӣ миёни маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Ҷопон тариқи тавсеаи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ҳавзаҳои муҳимми тавсеаи иқтисоди ду кишвар унвон кард.