Феврал 22, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маккаи Мукаррама

Як  шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои анҷоми маносики умра ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд, бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Ба гузориши Спутник, Саидшоҳ Ғафурови 70-сола аз аҳолии шаҳри Ваҳдат ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандаш барои анҷоми маносики ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд, аммо рӯзи 19 феврал қабл аз анҷоми аъмоли умра дар Маккаи Мукаррама бар асар сактаи қалбӣ даргузашт.

Афшини Муқим сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон хабари марги ин пирамарди тоҷикро таъйид кардааст.

Саидшоҳ Ғафуров бинобар дархости наздиконаш дар Маккаи Мукаррама ба хок супурда мешавад.