Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, зомини ҳифзи истиқлоли кишвар
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, неруҳои мусаллаҳи ин кишвар зомини ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти ин ҷумҳурӣ ҳастанд.
Ба гузориши Дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тайи суханоне дар маросими бистушашумин солгарди таъсиси неруҳои мусаллаҳи кишвараш дар Душанбе бар зарурати боло бурдани тавони дифоии ин неруҳо таъкид кард.
Вай гуфтааст, ки тайи ин муддат беш аз 5 ҳазор нафар аз ҷавонони тоҷик давраҳои омӯзиши улуми низомиро дар донишгоҳҳо ва марказҳои омузшии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон фаро гирифтаанд. ҳамчунин 600 нафар муваффақ ба донишомӯзӣ дар академияҳои низомии кишварҳои мухталиф шудаанд.
90 дарсад аз афсроне, ки дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат мекунанд, мутахассисони ҳирфаии низомӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир 1 ҳазору 400 нафар дар Омӯзишгоҳ ва Донишкадаи низомии Вазорати дифои Тоҷикистон машғули омӯзиши улуми низомӣ ҳастанд, ки ҳар сол 350 нафар аз ин ду марказ мадорики донишомӯхтагӣ дарёфт мекунанд.
Аз сӯи дигар ҳамасола беш аз 200 нафар аз ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба марокизи омӯзишии низомии кишварҳои хориҷӣ эъзом мешаванд ва 150 тан низ давраҳои донишафзоиро фаро мегиранд.
Раҳмон бо табрики солрӯзи таъсиси неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар баробари таҳдидоти физояндаи амниятӣ, ки ношӣ аз авзои Афғонистон аст ва таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ бояд барои боло бурдани тавони размӣ ва дифоии неруҳои низомии Тоҷикистон иқдом кард.