Ҷон бохтани чор донишомӯз ҳангоми бозии ҳоккей дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41984-Ҷон_бохтани_чор_донишомӯз_ҳангоми_бозии_ҳоккей_дар_Тоҷикистон
Чаҳор донишомӯзи тоҷик бар асар шикаста шудани ях дар ноҳияи Айнӣ зери об фурӯ рафтанд ва ҷон бохтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2019 11:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани чор донишомӯз ҳангоми бозии ҳоккей дар Тоҷикистон

Чаҳор донишомӯзи тоҷик бар асар шикаста шудани ях дар ноҳияи Айнӣ зери об фурӯ рафтанд ва ҷон бохтанд.

Ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ, ин ҳодиса баъд аз зуҳри 23-юми феврал рух дод.

Ҷасадҳои ин донишомӯзон, ки аз 14 то 16 сол доштанд, шаб 23-юми феврал берун оварда шуда ва 24 феврал ба хок супурда шуданд.

Мақомоти ин ноҳия ҳанӯз расман тавзеҳе дар бораи ин ҳодиса надодаанд.