Ҳамоиши мақомоти марзбонии кишварҳои минтақа: Имрӯз дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42009-Ҳамоиши_мақомоти_марзбонии_кишварҳои_минтақа_Имрӯз_дар_Душанбе
Ҳамоиши мақомоти марзбонии кишварҳои минтақа имрӯзи (26 феврал) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 26, 2019 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши мақомоти марзбонии кишварҳои минтақа: Имрӯз дар Душанбе

Ҳамоиши мақомоти марзбонии кишварҳои минтақа имрӯзи (26 феврал) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши Авесто, дар ин ҳамоиш мақомоти марзбонии кишварҳои Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Мавзӯи аслии ҳамоиши мақомоти марзбонии кишварҳои минтақа, баррасии таҳаввулоти минтақа дар партави таҳаввулоти Афғонистон аст.

Ҳамчунин имрӯз мақомот дар конфронси илмӣ- корбурдии байналмилалӣ масоили амниятӣ ширкат хоҳанд кард.

Ин конфронс дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.