Феврал 26, 2019 11:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи сохти сади неругоҳи Роғун дар моҳи апрели соли ҷорӣ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки идомаи сохти сади 335 метрии неругоҳи барқи обии Роғун дар моҳи апрели соли ҷорӣ азсар гирифта хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) муҷрии ин тарҳ маводи мавриди ниёз барои идомаи сохти сади ин неругоҳро омода кардааст, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ, амалиётӣ хоҳад шуд.

Ба ин манзур 40 миллион метри мукааб регу хок таҳия шуда, ки тавассути навори интиқоли 5.5 километрӣ ба маҳалли сохти сади 335 метрии неругоҳи барқи обии Роғун мунтақил мегардад. Дар соли 2018 иртифои ин сад ба 75 метр расида ва зхаоири оби пушти он, ни з214 миллион метри мукааб эълом шудааст. Чанде қабл мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз буҷаи давлати ин кишвар барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2019 хабардоданд. Ин маблағ бидуни эҳтисоби фурӯши эҳтимолии бахши дигаре аз саҳҳоми молии ин неругоҳ дар бозорҳои байналмилалӣ аст, ки дар соли 2017 ба 500 миллион доллар расида буд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки турбинаи дувуми ин неругоҳро моҳи апрели соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд. Турбинаи нахусти неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳимми энержии Тоҷикистон, 16 ноябр соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

Неругоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.