Феврал 28, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ду калисои кореяӣ дар шимоли Тоҷикистон ба боғчаи кӯдакон табдил мешаванд

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ҳукми табдил кардани ду сохтмони калисои кореяӣ “Сонмин”-ро ба боғчаи кӯдакон содир кард.

Ба нақл аз Toptj, Раҳмоналӣ Исмоилзода гуфтааст, ки дар 1995 ин ду сохтмон ба таври ғайриқонунӣ аз сӯи шаҳрдори вақти Хуҷанд ба калисои кореяии “Сонмин” ба муддати 38 сол вогузор шуда буд, ки акнун ин ду калисо ба боғчаи кӯдакон табдил хоҳанд шуд.  

Идораи маорифи Хуҷанд таи солҳои ахир бо ғайриқонунӣ хондани ин вогузорӣ хостори бозгардондани ин ду сохтмон шуда буд, ки инак додгоҳи иқтисодии минтақа ҳукми мусодираи ин ду калисоро содир кардааст.  

Муҳаббат Нозимова, намояндаи идораи маорифи Хуҷанд эълом кардааст, ки маҳаллаи 12 маркази вилояти Суғд яке аз пурҷамъияттарин манотиқи ин шаҳр аст, ки ба шиддат ба фазо барои боғчаи кӯдакон ниёз дорад ва акунун заминаи ифтитоҳи ин марокиз фароҳам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Хуҷанд тобистони 2017 Баҳром Холмуҳаммадов, роҳиби калисои “Сонмин”-ро, ки қаблан ба иттиҳоми ифротгарӣ боздошт шуда буд, ба се сол зиндон маҳкум кард.

Мақомот он замон гуфта буданд, ки пайравони ин фирқаи протестант бидуни иҷотазнома ва доштани асноди сабти ном фаъолият мекарданд.