Феврал 28, 2019 11:39 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон ба Узбакистон сафар мекунад

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ки дар назар аст он ҷо мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад, 12 апрел сурат мегирад.

Ба гузориши Форс, мулоқоти роҳбарони кишварҳои ОМ дар чунин шакл, аз ҷониби президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо дар Остона, пешниҳод гардида буд.

Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд сарҷамъ оянд.

Сол аз сол Наврӯз дар кишварҳои минтақа васеъ таҷлил карда мешавад, нақшаи кории президентҳо ҳам дар ин шабу рӯз зиёд аст, аз ин сабаб, роҳбарони кишварҳои ОМ қарор карданд, ки на дар арафаи Наврӯз, балки моҳи апрел дар Тошканд мулоқот намоянд.

Ҳадафи мулоқоти навбатӣ рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, нақлиёт, алоқа ва фарҳанг мебошад.

Дар мулоқоти аввалини машваратӣ роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев иштирок карда буданд.

Он замон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки имрӯз дар муносибатҳои ҳамҷавории кишварҳои Осиёи Миёна саҳифаи нав боз гардид.