Дар Тоҷикистон то соли 2020 иттифоқи ҷадиде рух нахоҳад дод
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар дар соли 2020, иттифоқи ҷадиде рух нахоҳад дод.
Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, Парвиз Муллоҷонов гуфтааст, ки барои интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 дар Тоҷикистон ду гузина вуҷуд дорад: нахуст ин ки Эмомалӣ Раҳмон худ номзади ин интихобот хоҳад шуд ва гузина дувум ин аст, ки вай Рустами Эмомалӣ - писари худро номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хоҳад кард. Аз ин рӯ то он замон набояд интизори иттифоқоти ҷадид дар Тоҷикистонро дошт.
Аммо ба назари вай, мавзӯи муҳим дар Тоҷикистон набуди фазои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ аст, зеро сармоягузори хориҷӣ дар Тоҷикистон бо мавонеи зиёде рӯ ба рӯст ва бо хатароте ҳамроҳ аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои сармоягузорони хориҷӣ мавзӯи демократия матраҳ нест, балки замонати ҳукумат барои бозгашти манобеи молии ин афрод аз аҳамияти вижае бархурдор аст.
Ба гуфтаи вай, аз сӯйи дигар, барои кишварҳои умдаи сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон, назири Русия ва Чин муҳим нест, ки низоми сиёсии ин кишвар чигуна аст. Барои онон ҳифзи субот ва амният муҳим аст, ки битавонанд ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории хеш бо Тоҷикистонро густариш диҳанд ва чӣ касе дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд, аҳамият надорад.
Муҳим ин ки манофеи Маскав ва Пекин таъмин шавад. Ғарб низ ҷонибдори ҳифзи амният ва субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла Тоҷикистон аст ва баҳси марбут ба ҳуқуқи башар аз нигоҳи аҳамият дар радаи дувум қарор дорад.