Март 02, 2019 19:57 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз Шарофиддин Гадоев дар Олмон

Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои масири Душанбе – Франкфурти Олмон аз Тоҷикистон хориҷ шуда буд, бо истиқболи теъдоде аз намояндагони мухолифони сиёсии тоҷик вориди фурудгоҳи ин шаҳр шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, дар нахустин аксҳое, ки аз фурудгоҳи шаҳри Франкфурти Олмон мунташир шудааст, Шарофиддин Гадоев, Шамсиддин Саидов ва Рӯҳуллоҳ Кабирӣ, аъзои Паймони миллӣ – эътилофи нирӯҳои мухолифини Тоҷикистон дида мешаванд.

Гадоев дар нахустин изҳори назараш дар бораи бозгашт ба Аврупо аз тамомии афрод ва созмонҳое, ки барои дифоъ аз ӯ талош кардаанд ташаккур кардааст.

Гадоев ва вакилаш Виктория Надеждина гуфтаанд, ки баъдан дар бораи чигунагии рафтани ӯ ба Русия ва Тоҷикистон тавзеҳ хоҳанд дод.

Аз сӯи дигар, мақомоти амниятӣ ва сиёсии Ҳолланд низ, ки Гадоев паноҳандагии сиёсии ин кишвари аврупоиро дорад, дар фурудгоҳи Франктфурт аз вай истиқбол ва эълом кардаанд, ки ба ӯ барои бозгашт ба Ҳолланд кумак мекунанд.

Бозгашти Гадоев ба Тоҷикистон дар ду ҳафтаи ахир дидгоҳҳои мутафовитеро дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ карда буд.

Баёнияи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тасреҳ карда буд, ки Шарофиддин Гадоев 15 феврал довталабона ба кишвар бозгашта ва дар шӯъбаи умури дохилии фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз амалҳояш ибрози пушаймонӣ кардааст.

Аммо мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буданд, ки вай бо ҳамкории хадамоти амнияти Русия ва ба баҳонаи музокира бо мақомоти Маскав рабуда ва ба Душанбе мунтақил шудааст.

Дар ин миён созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо дархости озодии фаврии Гадоев аз Иттиҳоди Аврупо дархост карда буданд, ки мавзӯи таҳрими Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Гадоев дар соли 2012 ба далели ихтилоф бо шарикони тиҷории худ, ки мавриди ҳимояти мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон буданд, аз кишвар хориҷ шуд.

Вай қаблан ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ифротӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон, таҳти пайгарди қазоии байналмилалӣ буд.