Март 03, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти тобеияти қирғизии беш аз 500 тоҷик

Раисҷумҳури Қирғизистон фармони пазириши тобеияти ин кишварро барои 884 нафар аз шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳо имзо кард, ки 535 нафар аз онон зодагони Тоҷикистон будаанд.

Ба гузориши ТОП Тҷ, аксари ин афрод қирғизтаборҳои сокини ноҳияҳои Лахш, Мурғоб ва Исфара ҳастанд, ки ба тобеияти кишвари ҳамсоя даромадаанд.

Гуфта мешавад, ки ин афрод чанд соле аст, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафта ва акнун муваффақ ба касби тобеияти ин кишвар шудаанд. Теъдоде аз ин афрод гуфтаанд, ки шароити кору зиндагӣ ва бавижа фаъолиятҳои бахши хусусӣ дар Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон беҳтар аст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Кумитаи давлатии омори Русия эълом кард, ки дар соли 2018 наздик ба 31 ҳазору 31 тоҷикистонӣ муҷаввизи иқомати доим дар ин кишварро дарёфт кардаанд, ки бесобиқа аст. То соли 2017 атбои украинӣ дар мақоми нахусти дарёфти тобеияти Русия буданд, аммо дар соли 2018 тоҷикҳо аз онон пешӣ гирифтаанд.

Бар ин асос, бо муҳоҷирати тоҷикҳо ба Русия рушди 25 дарсадии афзоиши ҷамъияти ин кишвар дар соли 2018 таъмин шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ҳамасола ҳазорон тоҷики мутахассис бо тарки Тоҷикистон ба Русия мераванд ва донишомӯхтагони донишгоҳҳо бидуни таҷриба вориди бозори кори Тоҷикистон мешаванд, ки наметавонанд ҷойи ононро пур кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ба далели набуди ҷойи кори муносиб бо маоши кофӣ дар Тоҷикистон, ҳазорон тоҷик барои рафтан ба Русия дар сафорати ин кишвар дар Душанбе сабти ном кардаанд.

Сафи тӯлонии довталабони тоҷикистонии муҳоҷират ба Русия муҷиб шудааст, ки дафтари намояндагии Вазорати дохилии Русия эълом кунад, ки барои соли 2019 дигар имкони пазириш вуҷуд надорад.

Манобеи Вазорати умури дохилии Русия мегӯянд, ки дар соли 2017 низ беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромаданд.

 

Барчасп