Март 04, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 дар Тоҷикистон мутафовит хоҳад буд

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 мутафовит хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Раҳматуллоҳ Зоиров гуфтааст, ки интихоботи соли 2020 раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо мушорикати чанд номзади воқеӣ баргузор хоҳад шуд, ки рақобатҳоро аз интихобот солҳои 2006 ва 2013 мутафовит хоҳад кард.

Вай мӯътақид аст, ки Ҳизби сотсиал-демократ дар интихоботи ҳамзамони Маҷлиси Намояндагон ва шӯроҳои маҳаллӣ, мушорикат мекунад ва дар моҳи ноябри соли 2020 бар асоси ин натоиҷ, номзади худро барои ҳузур дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пешниҳод хоҳад кард.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки аз соли 1998 дар ин кишвар фаъолияти худро оғоз кардааст, дар чаҳор интихоботи парлумонии солҳои 2000, 2005, 2010 ва 2015 муваффақ ба касби курсии намояндагӣ дар Маҷлиси қонунгузории ин ҷумҳурӣ нашуд.

Зоиров далели коҳиши фаъолияти ин ҳизб тайи чаҳор соли ахирро авзои сиёсии Тоҷикистон унвон мекунад, ки шароитро барои аҳзоби мухолифи давлат сахттар кардааст; Чаро, ки теъдоди зиёде аз аъзои аршади Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар дохили ин кишвар бекор ҳастанд.

Вай мегӯяд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мухолифони сиёсии ин кишвар бархӯрди яксон дорад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои тамаркуз бар рӯи фаъолиятҳои ҳизбӣ аз мақоми вакили мудофеи ҳуқуқӣ, канорагирӣ хоҳад кард.