Март 04, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Ҷопон сафар кард

Субҳи имрӯз (4 март) ҳайати парлумони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ин ҳайат ба раҳбарияти Олим Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ба Ҷопон сафар карданд.

Ин сафар ба даъвати расмии Тадаморӣ Ошима, раиси парлумони Ҷопон сурат гирифтааст.

Сафари ҳайати парлумони Тоҷикистон то 6 марти соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт ва мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳо ва мақомоти расмӣ ва баргузории ҷаласаҳои кории гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишвар дар назар аст.

Ҳайати парлумони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Киото, Осака ва Ҳиросимо дидан хоҳанд кард ва бо шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики муқими ин шаҳрҳо мулоқот хоҳанд кард.