Март 05, 2019 14:57 Asia/Dushanbe
  • Маскав - мизбони ҳамоиши байналмилалии иқтисодии аъзои ИДМ

Кумитаи иҷроияи ИДМ аз баргузории Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «ИДМ: Иқтисоди рақамӣ -  платформаи ҳамгироӣ» дар Русия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳамоише бо унвони «ИДМ: Иқтисоди рақамӣ - платформаи ҳамгароӣ» 15-уми март ба мизбонии Русия баргузор мешавад. Ҳамоиши мазкур ҳамзамон бо ҷаласаи Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Аъзои Шӯрои иқтисодӣ ва масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, намояндагони мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроӣ, утоқҳои саноеъ ва бозаргонӣ, созмонҳои муртабит, иттиҳодияҳои бонкӣ, иттиҳодияҳои тиҷорӣ ва анҷуманҳои санаоти гардишгарӣ, сохторҳои IT-и хориҷӣ ва намояндагони матбуот аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин ҳамоиш мебошанд.

Дар чорчӯби ин ҳамоиш ҷаласаҳои умумӣ, мавзӯӣ, платформа баҳс ва гуфтугӯ баргузор мешавад. Ҳамоиши мазкур бо ҳадафи тарвиҷи тавсеаи гуфтугӯи амалии созандаи байни давлат ва тоҷирон роҳандозӣ мешавад.

Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ пас аз фурӯпоши Иттиҳоди Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд. Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба дунболи тасмими расмии раисҷумҳурҳои кишварҳои узв дар 3-юми декабри соли 1993 ва ба дунболи дархости Эдуард Шварднадзе, раисҷумҳури Гурҷистон дар 8-уми октябри соли 1993 сурат гирифт.

Беш аз 70 дарсади буҷаи ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.