Март 05, 2019 20:27 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ҷасади як шаҳрванди тоҷик аз Русия ба Душанбе

Ҷасади як шаҳрванди тоҷик, ки бо ёзда зарб корд дар Русия кушта шуда буд имрӯз ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Ба нақл аз манобеъи хабарии тоҷикӣ, Амриддин Шарипов, сокини маҳаллаи Лучоб, дар канори пойтахт, рӯзи ҷумъа якуми март дар Воронежи Русия кушта шуд.

Мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ҳамсояи руси Амриддин Шариповро бо иттиҳоми қатли шаҳрванди Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Марди 58-солаи тоҷик тақрибан 20 сол боз дар Русия кор мекард ва дар Тоҷикистон ду писару як духтар дошта.

Муҳоҷироне, ки тобути ӯро ба Тоҷикистон интиқол доданд, хешовандони ӯро аз марги Амриддин Шарипов огаҳ кардаанд.

 

Барчасп