Март 08, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Худоҳофизии сафири Эрон дар Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар

Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси Тоҷикистон аз талошҳои Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ сафири Эрон дар ин кишвар қадрдонӣ кард ва гуфт: Шумо дар муддати маъмурияти худ ончи, ки метавонистед барои таҳким ва тавсеаи дӯстии миёни ду миллат ва давлати Эрон ва Тоҷикистон анҷом додед.

Ба гузориши сайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, раиси маҷлиси Тоҷикистон дар дидори худоҳофизии сафири Теҳрон дар Душанбе, бо ишора ба таҳримҳои золимона алайҳи Эрон афзуд: Инқилоби исломии Эрон дар чиҳил соли гузашта фарозу нишеби зиёдеро аз саргузаронда ва ба муваффақиятҳои фаровоне даст ёфтааст ва ҳатман хоҳад тавонист мушкилоти ахирро низ пушти сар бигузорад.

Зуҳуров ба зарфиятҳои мукаммали иқтисодии ду кишвар ва кумакҳо ва сармоягузориҳои Эрон дар Тоҷикистон пас аз истиқлоли ин кишвар ишора кард ва афзоиши ҳамкориҳоро дар ин замина хостор шуд.

Вай бо таъкид бар зарурати тадовуми раванди тақвияти равобити дуҷониба гуфт: Эрон ва Тоҷикистон решаҳо, фарҳанг, дин, забон ва таърих ва тамаддуни муштараке доранд ва Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар канори мо буд ва ин қобили инкор нест.

Дар ин дидор сафири Эрон низ бо ташаккур аз ҳимояти зуҳуров аз тақвияти равобити Теҳрон - Душанбе, бар лузуми тақвияти муносиботи ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи сафарҳо ва таомулоти парлумонӣ таъкид кард.

Вай бо ишора ба тавонмандии Эрон дар содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ афзуд: Дар даврони маъмурияти худ талош кардам ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои тавсиаӣ ва зербиноии Тоҷикистон мушорикати хубе дошта бошанд, ки дар натиҷаи ин талошҳо ҳамакнун ҳашт ширкати эронӣ дар раванди сохти сад ва неругоҳи бузурги Роғуни Тоҷикистон ҳузур доранд ва кайфияти кор онҳо мавриди ризояти мақомоти олии Тоҷикистон аст.

Хабаргузории ИРНА низ гузориш дод, ки сафири Эрон дар дидори худоҳофизии худ бо Усмоналӣ Усмонзода вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ва раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон низ бар тадовум ва таъмиқи ҳамкориҳои бисёр хуб ва созандаи ду кишвар дар ҳавзаҳои неругоҳҳо, садсозӣ ва обу энержӣ таъкид кард.

Фағонӣ  бо ишора ба нақш ва аҳамияти вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазорати энержӣ ва манобеи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони мутаваллиёни Комиссияи муштарак, аз равобити хуб ва ҳамкориҳои созандаи Усмонзода қадрдонӣ кард.

Вазири энержии Тоҷикистон низ зимни ишора ба амалкарди олӣ ва тавонмандиҳои беназири ширкатҳои фаннӣ ва муҳандисии эронӣ дар иҷрои тарҳҳои ҳавзаи об ва барқи Тоҷикистон, ба вижа сад ва неругоҳи барқи оби Роғун, аз талошҳои бевақфаи Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар пешбурди равобити ду кишвар ба вижа дар ҳавзаи энержӣ ташаккур кард.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дар поёни маъмурияти худ дар Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири умури хориҷа ва соири мақомоти тоҷик низ дидор ва бо онон худоҳофизӣ кард.