Гадоев: Рустами Эмомалӣ номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 аст
Шарофиддин Гадоев муовини Паймони миллии Тоҷикистон - ниҳоди мухолифи ҳукумати ин кишвар мустақар дар Аврупо - муддаӣ шуд, ки мақомоти тоҷик тасмим доранд заминаро барои номзадии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 фароҳам кунанд.
Гадоев ки 6 рӯз пеш аз Тоҷикистон ба Аврупо баргаштааст, ин матлабро дар нишасти хабарӣ дар қароргоҳи Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар дар Амстердами Нидерланд эълом кард.
Вай дар ин нишаст бо ишора ба сафари ахираш ба Русия ва Тоҷикистон дар бораи рабуда шудани худ ва интиқоли иҷбориаш ба Душанбе ва гуфтугӯҳояш бо мақомоти аршади амниятӣ ва интизомии ин кишвар матолиберо матраҳ кардааст.
Ҳанӯз мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин нишасти хабарии Шарофиддин Гадоев вокуниш нишон надодаанд.
Шарофиддин Гадоев, ки рӯзи 2 март аз Тоҷикистон ба Нидерланд бозгашт, гуфтааст, ки моҷарои интиқоли иҷбориаш ба Тоҷикистонро аз тариқи ниҳодҳои байналмилалӣ пайгирӣ хоҳад кард.