Март 09, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии эътирозии кишоварзони тоҷик дар баробари сохтмони ҳукумати Арманистон

Теъдоде аз кишоварзони тоҷик, ки дар Арманистон ба киштукори пахта машғул буданд, дар баробари сохтмони ҳукумати ин кишвар дар Ереван, дар эътироз ба пардохт нашудани дастмуздҳояшон таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши сомонаи “Нюс - Ам”, ин афрод гуфтаанд, ки бо гузашти шаш моҳ аз бардошти пахта дар ноҳияи Аракс, аз заминҳои мутааллиқ ба Гогик Хочикиян, фаъоли бахши хусусии Арманистон ҳанӯз ҳам дастмузди худро дарёфт накардаанд.

Онон таъкид кардаанд, ки ин фаъоли бахши хусусии арманистонӣ 20 сол дар Тоҷикистон барои кошт ва бардошти пахта сармоягузорӣ карда ва аз соли 2015 талош ба харҷ дод, ки бо кумаки кишоварзони тоҷик дар кишвари худ ин корро роҳандиозӣ кунад.

Ба гуфтаи кишоварзони тоҷик, тайи ин муддат бо талоши онон маҳсули зиёди пахта дар Арманистон бардошт шуд ва ҳукумати ин кишвар низ аз ин барнома ҳимоят кард. Ин фаъоли бахши хусусии Арманистон эълом карда буд, ки дар кишвари худ нахустин корхонаи коркарди пахтаро низ хоҳад сохт. Аммо тайи соли ҷорӣ дастмузди кишоварзони тоҷикро пардохт накарда, ки боиси эътирози ин афрод шудааст.

Коргарони тоҷики муътариз гуфтаанд, ки то замони пардохти маош ва дастмуздашон ба таҷаммӯи эътирозӣ дар баробари сохтмони ҳукумати Арманистон идома хоҳанд дод. Зеро ҳатто барои бозгашт ба Тоҷикистон низ кирояи роҳ надоранд.

 

Барчасп