Март 10, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди барқ дар неругоҳи Норак пас аз бозсозии таҷҳизотӣ

Сармуҳандиси неругоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз бозсозии таҷҳизоти ин марказ зарфияти тавлиди барқи он ба 3 ҳазору 300 мегаватт хоҳад расид.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Рустам Фозилов таъкид кардааст, ки зарфияти тавлиди барқ дар неругоҳи барқи обии Норак 2 ҳазору 700 мегаватт буд, ки дар соли 1988 ба 3 ҳазор мегават расонда шуд.

Аммо ин неругоҳ ба далели кӯҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоташ пас аз 40 сол фаъолият, танҳо 2 ҳазору 600 мегаватт барқ тавлид мекунад ва ниёз ба бозсозии асосии таҷҳизотӣ дорад.

Ба гуфтаи вай ширкати олмонӣ ва утришии "Andritz", ки дар муноқисаи байналмилалии бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Норак дар тобистони соли 2018 баранда шуд, иҷрои ин тарҳро дар моҳи марти имсол оғоз хоҳад кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки таъвизи 9 турбина ва таҷҳизоти асосии неругоҳи барқи обии Норакро дар муддати 10 сол анҷом диҳад.

Барои марҳалаи нахусти бозсозии таҷҳизоти неругоҳи Норак, ки ба 5 сол замон ниёз дорад, 350 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Саҳми Бонки Ҷаҳонӣ дар ин тарҳ 225 миллион доллар, Бонки сармоягузории таъсисоти зербиноии Осиё 60 миллион доллар ва 57 миллион доллар низ кумаки ройгони соири ниҳодҳои молии минтақаӣ аст.

Неругоҳи барқи обии Норак бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловатт-соат барқ дар сол, аз 47 сол қабл фаъол шудааст.

Мақомоти давлати Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд барои бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Норак ба беш аз 700 миллион доллар ниёз доранд.