Март 11, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Шикояти сокинони Тоҷикистон аз маҳдудияти барқ ва сукути “Барқи тоҷик”

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи тоҷик” токунун ҳеҷ тавзеҳе барои маҳдудияти интиқоли барқ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ки аз моҳи марти ҷорӣ оғоз шудааст, ироа накардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон мегӯянд, шабҳо аз соати 11 то 6 субҳ ва рӯзҳо аз 9 субҳ то 17 аср, интиқоли барқ ба хонаҳои онон қатъ мешавад.

Дар сомонаи ширкати давлатии “Барқи тоҷик” таъкид шудааст, ки шикоятҳои сокинони Тоҷикистон аз маҳдудияти интиқоли барқро дарёфт кардаанд ва ин мавзӯъ баррасӣ хоҳад шуд. Аммо дар бораи иллатҳои ин иқдом мақомоти ин ширкат, ки масъулияти интиқоли барқ дар Тоҷикистонро бар ӯҳда доранд, посухе надодаанд.

Дар тирамоҳи соли 2018 низ дар Тоҷикистон ҷирабанди(лимит)-и барқ ҷорӣ шуд ва мақомоти ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ин иқдомро ба мавзӯи зарурати захирасозии об пушти сади дар ҳоли сохти неругоҳи барқи обии “Роғун” муртабит карда буданд. Ба гуфтаи онон барои баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин неругоҳ дар моҳи ноябри соли 2018 бояд захирасозии об анҷом мешуд. Вале акнун дар мавриди эъмоли маҳдудияти интиқол барқ ба сокинони Тоҷикистон тавзеҳи расмӣ дода намешавад.

Аз сӯи дигар ахиран расонаҳо аз таваққуфи фаъолияти турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” хабар додаанд, ки мақомоти ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мегӯянд, ин иқдом сирфан фаннӣ буда ва ба омодагӣ ба баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ дар моҳи апрели соли ҷорӣ иртибот дорад.