Гирифтани иҷбории маблағ барои тармими манзилҳо дар пойтахти Тоҷикистон
(last modified Tue, 12 Mar 2019 08:34:59 GMT )
Март 12, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Гирифтани иҷбории маблағ барои тармими манзилҳо дар пойтахти Тоҷикистон

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз гирифтани иҷбории маблағҳое тавассути мақомоти шаҳрдорӣ барои тармими манзилҳояшон шикаоят карда ва поён додан ба ин равандро хостор шудаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Зеваршоҳ Муҳаммад хабарнигори тоҷик бо нашри матлаб ва аксе аз яке аз манзилҳои мавриди баҳс дар Фейсбук чунин навиштааст, ҳануз пеш аз соли нав ҳукумат аз сокинони шаҳраки Синои пойтахт дар кучаи Ҷаббор Расулов ба баҳонаи нақошии сохтмон маблағи 260 сомонӣ аз ҳар хонавода дарёфт карда, аммо бо гузашти беш аз 3 моҳ ин кор ҳануз ба саранҷом нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти шаҳр дар посух ба шикояти мардум гуфтаанд барои идомаи тармим ва нақошии сохтмонҳо пули кофӣ надоранд. Афзун бар ин, онон эъломияҳое дар вурудии сохтмонҳо насб карда ва аз сокинон хостаанд ҳар хонавода афзун бар маблағҳои пешакӣ, 360 сомонии дигар барои таъмир ва тармими лулаҳои оби гарм ба ҳисоби шаҳрдорӣ бирезанд.

Нашри ин матлаб бо вокунишҳои фаровони корбарон ру ба ру шудааст.

Шаҳноза Комилзода рӯзномнигор ва фаъоли маданӣ навиштааст, ки мақомот аз мардум аз 200 то 300 сомонӣ пул ҷамъ карданд, аммо тармими манозилро ба фарҷом нарасонданд.