Талош барои афзоиши андози ширкатҳои хориҷии хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 13 Mar 2019 06:09:20 GMT )
Март 13, 2019 11:09 Asia/Dushanbe
  • Талош барои афзоиши андози ширкатҳои хориҷии хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳеро омода кардааст, ки бар асоси он ширкатҳои хориҷии хадамоти интернетӣ вазифадор мешаванд, ки ба будҷети давлати ин кишвар андоз супоранд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник,  бар асоси қонун ширкатҳои  Google,Apple،Microsoft, Facebook, Ali Express, Yahoo  вазифадор мешаванд, ки дар сурати ироаи хадамоти интернетӣ ба маблағи як миллион сомонӣ дар сол ба сокинони Тоҷикистон ба будҷети давлати ин кишвар андоз пардохт кунанд.

Завқибек Шодиён намояндаи Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ширкатҳо бояд худро дар Тоҷикистон ба унвони пардохткунандаи андоз сабти ном ва тариқи электроникӣ иқдом ба пардохти андоз намоянд.

Вай таъкид кардааст, ки ба ин манзур доштани намояндагӣ дар Тоҷикистон шарт нест ва ширкатҳои хориҷии фароҳамкунандаи хадамоти интернет вазифадор шуданд, ки андоз пардохт кунанд, аммо дар сурати қонуншиканӣ  бо ширкатҳои хориҷӣ бархурди қазоӣ (додгоҳӣ) хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли 2019 дар Тоҷикистон марказҳои донишгоҳӣ, ширкатҳои сохтмонсозӣ ва ғизохуриҳо вазифадор шуданд, ки 18 дарсад андоз пардохт кунанд, ки ин рақам пештар 5 дарсад буд.

Гуфта мешавад, ки дар Русия дар соли 2016 ширкатҳои Google,Apple،Microsoft, Facebook, Ali Express, Yahoo вазифадор шуданд, ки аз ҳисоби ироаи хадамоти пулӣ ба шаҳрвандон андоз супоранд.