Март 14, 2019 09:44 Asia/Dushanbe
  • Вайрон кардани гунбази масҷиди тоза сохта шуда дар Норак

Гунбази масҷиди тоза сохта шудаи яке аз рустоҳои шаҳри Норак дар вилояти Хатлони Тоҷикистон тахриб шуд.

Ба нақл аз Топ ТҶ, ин масҷид аз ҳисоби кумакҳои хайрияи мардумӣ таи 12 сол бо зарфияти 1 ҳазор намозгузор сохта шуда буд, ки ду рӯз пас аз ифтитоҳи ин маркази ибодатӣ гунбази он тахриб шуд.

Абдулҳай Наъимов имом хатиби масҷиди нави ин русто аз додани ҳар тавзеҳе дар бораи иллати тахриби гунбази ин маркази ибодатӣ худдорӣ кард. Аммо Ҷунайдуллоҳ Ваҳҳобов масъули умури дин дар шаҳрдории Норак гуфт, дар тарҳи сохти ин масҷид доштани гунбаз пешбинӣ нашуа буд бино барин дастури тахриби он содир шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанд сол пеш мақомоти шаҳри Ваҳдат манораҳои масҷиди рустои Чила мазорро ба баҳонаи посухгӯ набудани манораҳо тахриб карда буданд.

Ҳамчунин пештар гунбази масҷиди таърихии Мавлон Яъқуб чархӣ дар ғарби шаҳри Душанбе ба баҳонаи имкони истифодаи гуруҳҳои ҷиноӣ аз ин макон барои иқдомоти хеш тахриб шуда буд.

Дар Тоҷикистон таи 5 соли ахир садҳо масҷид ба баҳонаи надоштани санадҳо ва ҳуҷҷатҳо ба марокизи беҳдоштӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ табдил шудаанд.