Тақдими устуворномаи сафири ҷадиди Эрон ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified Fri, 15 Mar 2019 14:54:25 GMT )
Март 15, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Тақдими устуворномаи сафири ҷадиди Эрон ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳаммадтақии Собирӣ сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз (ҷумъа) дар маросими дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар, ки бо ҳузури сафирони ҳашт кишвари дигар дар Тоҷикистон баргузор шуд, устуворномаи худро тақдими вай намуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим тайи суханоне бо табрики пешопеши Наврӯз, миллатҳои Эрон ва Тоҷикистонро аз пешгомони тавсиаи тамаддуни башарӣ хонд.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва таърихии ду кишвари бародар, ба дастовардҳои муҳими равобити дуҷониба дар беш аз ду даҳа пас аз истиқлоли Тоҷикистон ишора кард ва омодагии Душанберо барои густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эълом намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оғоз ба кори Муҳаммадтақии Собирӣ ба унвони сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанберо табрик гуфт ва барои вай орзуи муваффақият кард.

Собирӣ низ бо ибрози хурсандӣ аз оғози маъмурияти худ дар кишваре, ки ба лиҳози иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ, динӣ ва тамаддунӣ хонаи дувуми эрониён маҳсуб мешавад, саломи гарми Ҳасани Рӯҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳамтои тоҷики вай иблоғ ва ҳадафи маъмурияти худро густариши ҳамаҷонибаи равобити дуҷониба зикр кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин мутақобилан бо табрики Наврӯз ба унвонии иди муштараки мардуми Эрон ва Тоҷикистон, омодагии Эронро барои афзоиши табодулоти дуҷониба эълом кард.