Март 16, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон ба дархости Интерпол

Кормандони Хадамоти муқобила бо терроризм, ифротгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунии вобаста ба идораи полиси шаҳри Бишкек - пойтахти Қирғизистон, як шаҳрванди 45 солаи Тоҷикистонро бар асоси дархости полиси байналмилал боздошт кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории қирғизии АКИ Пресс, ин фард ба иттиҳоми мушорикат дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар хориҷ, фаъолият барои гурӯҳҳои ифротӣ дар дохили Тоҷикистон аз сӯйи давлати ин кишвар дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоии Полиси байналмилалӣ қарор дода шуда буд, ки ахиран дар пойтахти Қирғизистон шиносоӣ ва боздошт шуд.

Акнун ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Бишкек -пойтахти Қирғизистон қарор дорад ва мақомоти полиси ин кишвар аз ҳамтоёни тоҷики худ дархост кардаанд, ки иттилооти бештаре аз фаъолиятҳои вайро дар ихтиёри онон қарор диҳанд то заминаи истирдоди ӯ ба кишвараш фароҳам гардад.

 

Барчасп