Март 16, 2019 15:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муовини нахуствазири Қирғизистон бар идомаи сохти роҳи мавриди ихтилоф бо Тоҷикистон

Муовини нахуствазири Қирғизистон, ки барои гуфтугӯ бо ҳамтои тоҷики худ ба минтақаи мавриди муноқиша бо Тоҷикистон ба сар мебарад, таъкид кардааст, ки кишвараш роҳи мавриди ихтилоф бо Тоҷикистонро хоҳад сохт.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Жонеш Раззоқов пас аз дидор бо Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки роҳи мавриди ихтилоф бо Тоҷикистон дар дохили қаламрави Қирғизистон воқеъ шуда ва Бишкек ин масирро то охир хоҳад сохт.

Вай муддаӣ аст, ки ин роҳ масире аст, ки имкон медиҳад дар сурати бурузи ҳар навъ низоъ миёни рустоҳои марзии ду кишвар дар навоҳии Ботканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон, атбои қирғиз битавонанд бидуни вуруд ба дохили қаламрави кишвари ҳамсоя ҳаракат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан фармондеҳи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷониби Қирғизистон иқдом ба азсаргирии сохти роҳ дар минтақаи мавриди муноқишаи ду кишвар кард, ки мебояд то ниҳоӣ шудани созишномаи аломатгузории марзи муштарак ҳеҷ навъ сохтусозе анҷом нашавад.

Аз сӯйи дигар, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидоре дар минтақаи мавриди ихтилофи ду кишвар, бар зарурати пайдо кардан ва муҷозоти омилони даргирии ахир, таъсиси коргурӯҳи муштараки таҳқиқ ва гаштзании шабонарӯзии нерӯҳои полис ба тавофуқ расидаанд.

Бар асари даргирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, ду сокини ноҳияи Исфара кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди сокинони захмии ин кишварро се нафар эълом кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки 472 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ ва мушаххас нашудааст. Дар тайи беш аз 30 соли гузашта, даҳҳо маврид даргирии лафзӣ ва физикӣ миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвар рух дода, ки теъдоде кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Бо вуҷуди раванди тӯлонии музокирот миёни Душанбе ва Бишкек ҳанӯз масоили марзӣ миёни ин ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҳаллу фасл нашудааст.

 

Барчасп