Март 17, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия

Сафири Тоҷикистон дар Русия мӯътақид аст, ки барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар бояд монеаҳо ва мушкилоти мавҷуд бартараф ва заминаи истифодаи беҳтар аз зарфиятҳои дуҷониба фароҳам шавад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷикистон-Таймз, Имомиддин Саттороф боло будани молиёт, таърифаҳои гумрукӣ ва интернети гаронро аз ҷумлаи монеаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия донистааст.

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо таъкид бар фароҳам кардани шароити муносиб барои ҷазби гардишгарони русӣ ба манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон афзуд: Сохти меҳмонхонаҳои арзонқимат, коҳиши қимати билети ҳавопаймо аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва баҳрагирӣ аз таҷрибаи ширкатҳои хадамоти гардишгарии Туркия, Миср ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо метавонад дар ин замина муассир бошад.

Сатторов гуфт: Гардишгарони рус ба далели тасҳилот ва арзонии хадамоти ширкатҳои гардишгарии Туркия ва Миср тарҷеҳ медиҳанд, ки бештар ба ин ду кишвар сафар кунанд, дар ҳоле, ки Маскав бузургтарин шарики тиҷории Душанбе аст.

Дар Тоҷикистон ҳамакнун беш аз 100 ширкати муштарак бо Русия фаъолият мекунад, ки бештари онҳо дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон фаъол аст.

 

Барчасп