Дархости 9 созмон барои худдорӣ аз афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон
(last modified 2019-03-18T04:53:38+00:00 )
Март 18, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Дархости 9 созмон барои худдорӣ аз афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон

Масъулони 9 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон бо ирсоли номае муштарак ба Хадамоти зиддиинҳисории ин кишвар, худдории ин ниҳод аз афзоиши нархи Интернетро хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, дар ин нома таъкид шуда аст, ки тасмими Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бора афзоиши қимати Интернет аз 27 марти соли ҷорӣ дар ин кишвар бидуни молиёт бар арзиши афзуда ва расидани қимати як гигабайт Интернет ба 50 сомонӣ (муодили 5 доллару 3 сент), иқдоме мухолиф бо ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва манофеи молии мардум аст.

Ин афрод мӯътақиданд, ки эҷоди маҳдудият дар раванди дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Интернет муғойр бо аҳдофи эълом шуда дар барномаи рушди роҳбурдии Тоҷикистон то соли 2030 аст, ки наметавонад иҷрои вазоифи хурӯҷ аз ин бунбасти иртиботӣ, табдил шудани ин кишвар ба маркази муҳимми транзитӣ ва санъатисозии иқтисоди онро таъмин намояд.

Дар ин дархост таъкид шудааст, "татбиқи бандҳои ҳамин тасмим бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон буда, ба манфиати Тоҷикистону бозори мухобиротии он дар шароити узвияти кишвар дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат таъсири манфӣ мерасонад."

Масъулони созмонҳои "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет", "Анҷумани ширкатҳои мобилӣ", "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Анҷумани миллии расонаҳои мустақил", "Иттифоқи истеъмолкунандагон", "Имкониятҳои баробар", "Баробарӣ" ва "Анҷумани соҳибкорони хурду миёна" рӯзи 17-уми март имзо кардаанд.

Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он шикоят доранд.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд.