Афзоиши интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар соли 2018
Бонки марказии Русия эълом кард коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2018 ба кишвари хеш тавассути шабакаи бонкӣ 17 миллион доллар бештар аз 2017 маблағ фиристодаанд.
Ба нақл аз сомонаи Бонки марказии Русия, коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2018 ду миллиарду 553 миллион доллар ба Тоҷикистон ирсол кардаанд, ки ин рақам баробар бо 36 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси милии Тоҷикистон аст.
Бино бар эъломи сомонаи Бонки марказии Русия, тавлиди нохолиси милии Тоҷикистон дар соли 2018 ба ҳафт миллиард доллар расид.
Аз нигоҳи мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ба кишварҳои худ дар соли 2018, Тоҷикистон пас аз Узбакистон дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2013 ба кишварашон чаҳор миллиарду 200 миллион доллар ирсол карда буданд, ки рекорд ба ҳисоб меомад.
Афзуда шудани пардохти маблағ барои дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат, ҳаққи бимаи иҷтимоӣ ва андоз барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон ҳазинаи сангинеро дар Русия ба ин ашхос таҳмил мекунад, ки муҷиби коҳиши мизони даромади онон мешавад.
Ҳамчунин пас аз таҳримҳои ғарб алайҳи Русия дар соли 2014 мизони ҳуқуқ ва дастмузди корагрони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфт, ки ин амр муҷиби ошуфтагӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон шуд ва қурби сомониро дар баробари арзҳои хориҷӣ 50 дарсад коҳиш дод.