Март 19, 2019 11:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷурму ҷиноят дар Тоҷикистон

Ожонси омори Тоҷикистон мизони ҷурму ҷиноят дар ин кишварро таи ду моҳи аввали соли 2019 эълом кард, ки дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли пеш бештар будааст.

Ба нақл аз хабари субҳи Авесто, таи моҳҳои январ ва феврали имсол дар саросари Тоҷикистон 4 ҳазору 700 мавриди ҷурму ҷиноят ба сабт расидааст. Бадин тартиб ин омор 3 ва 8 даҳуми дарсадро нишон медиҳад.

Аз ҷумла таи ин муддат 1 ҳазору 96 мавриди ҷиноёти сангин рух дода, ки дар қиёс бо  давраи мушобеҳи соли пеш 3 дарсад бештар шудааст.

Мизони кашфи ҷурму ҷиноят дар думоҳи нахусти соли 2019 тақрибан 60 дарсад эълом шудааст. Ин омор дар ду моҳи нахусти соли 2018 ҳудуди 65 дарсад буд.

Бо ин ҳол имсол мизони иртикоби ҷиноёте мисли озори ҷинсӣ, сирқат, авбошӣ ва қочоқи маводи мухаддир раванди ру ба коҳиш доштааст.