Март 20, 2019 20:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон дар Норак

Ҷашни Наврӯз бо унвони “Корвони наврӯзӣ” имрӯз бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор шуд.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Сади Хуросон, дар ин ҷашни хотирмон беш аз 10 ҳазор нафар ширкат карданд.

Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани баҳори фархонда ва Наврӯзи ҷаҳониро табрик гуфт ва аз мардуми Норак барои идомаи корҳои созандагӣ ва ободонии ин шаҳр қадрдонӣ кард.

Дар ин ҷашн ҳамчунин муҷассамаи Исмомили Сомонӣ ифтитоҳ шуд.

Намоиши намунаҳое аз одобу русуми суннатии Наврӯз дар Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ, иҷрои рақсҳои бумӣ ва маҳаллӣ,  намоишҳо ва варзишҳои суннатӣ аз дигар бахшҳои ин маросим буд.