Таъқиби муовини нахуствазири Қирғизистон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон
Мақомоти амниятии Қирғизистон таҳқиқи амалкарди муовини нахуствазири ин кишвар ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистонро шурӯъ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сайти Ахбор, бо дархости парлумони Қирғизистон мақомоти амниятии ин кишвар таҳқиқи амалкарди Жениш Раззоқовро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон шурӯъ карданд.
Парлумони Қирғизистон Жениш Раззоқовро, ки раиси ҳайати музокиракунандаи қирғиз дар низоъи ахири қирғизҳо дар вилояти Ботканди Қирғизистон ва тоҷикҳои шаҳри Исфараи Тоҷикистон буд, дар зимни ироаи гузориш ба дастгоҳи қонунгузории ин кишвар аз натоиҷи тавофуқ бо Душанбе, аз кумитаи амният дархост кардааст, ки аз амалкарди муовини нахуствазири Қирғизистон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон таҳқиқ анҷом диҳад.
Жениш Раззоқов ин иттиҳомотро такзиб кардааст.
Сухангӯи кумитаи амнияти Қирғизистон дар гуфтугӯ бо расонаҳо оғози ин таҳқиқро таъйид, аммо аз ироаи иттилоъи бештар дар ин мавзӯъ худдорӣ кард.
Таҳқиқи амалкарди Раззоқов ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон бар асоси як матлаби мунташиршуда дар сайти ҷунбише бо номи "Тоҷикстони воҳид" дар соли 2016 шурӯъ шудааст.
Нависандаи ин матлаб Шабнами Собирӣ, ки гуфта мешавад ин исми мустаор аст ва сайти "Тоҷикистони воҳид" низ дар чанд соли ахир фаъол нест, шурӯъ шудааст.
Шабнами Собирӣ дар ин матлабш иддао карда, ки дар солҳои 2000 то 2010 Жениш Раззоқов ба ивази маблағ ба Тоҷикистон иттилооти махфӣ медод.
Ин матлаб соли 2016 нашр шуда буд. Аммо дар соли 2018 замоне, ки Жениш Раззоқов ба муовинати нахуствазирӣ расид расонаҳои қирғизӣ дубора ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтанд.
Бо ин ҳол нашрияи Азия-ниюс, чопи Бишкек дар шумораи охираш матлаберо дар бораи чигунагии ба ҷосуси Тоҷикистон табдил шудани Жениш Раззоқов мунташир кардааст.
Сардабири ин нашрия Асланбек Сартбоев гуфт: Матлаби ин нашрия бар асоси баёнияи худи Раззоқов ба сардори раёсати вазорати дохилаи Қирғизистон дар вилояти Ботканд дар моҳи феврали соли 2010 навишта шудааст ва хомӯшии муовини нахуствазир дар заминаи нашри ин гуна матолиб шубаҳаҳоро афзудааст.
Жениш Раззоқов дар соли 1997 дар сафҳои вазорати дохилаи Қирғизистон ба кор қабул ва дар соли 2011 раиси раёсати ин вазорат дар вилояти Ботканд таъйин шуд. Вай дар соли 2016 ба раёсати вилояти Ботканд расид ва дар соли 2018 муовини нахуствазири Қирғизистон таъйин шуд.