Март 25, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Тардиди коршиносон дар мавриди тағйири қудрат дар Тоҷикистон ва Беларус

Теъдоде аз коршиносони масоили сиёсии Русия пас аз канорагирии Нурсултон Назарбоев аз мақоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон мегӯянд, ки ин навъи вогузарии қудрат дар Тоҷикистон ва Беларус тайи солҳои наздик баъид аст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Владимир Жарихин, муовини мудири пажӯҳишгоҳи ИДМ дар Русия гуфтааст, ки тайи солҳои наздик имкони вогузории қудрат дар Тоҷикистон ва Беларус ба сабки Қазоқистон вуҷуд надорад.

Вай таъкид мекунад, ки тасмимгирӣ дар ин маврид ба дурандешии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус бастагӣ хоҳад дошт, чаро, ки бар асоси қавонини Қазоқистон, бо вуҷуди канорагирии расмии Нурсултон Назарбоев аз қудрат, вай ба унвони раиси Шӯрои амнияти ин кишвар бар тамоми умур назорати худро ҳифз хоҳад кард. Аз ин рӯ, мушаххас нест, ки раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус аз ин равиш ба манзури ҳифзи қудрати пушти пардагии хеш истифода ё ин, ки фарде аз аъзои хонаводаи худро ба унвони ҷонишин муаррифӣ кунанд.

Аз сӯи дигар Алексей Бичков, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи ИДМ дар Русия мӯътақид аст, ки дар соли 2020 эҳтимоли вогузории қудрат дар Беларус вуҷуд дорад. Зеро авзои сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар дар ҳоли ҳозир матлуб нест. Аммо дар Тоҷикистон ин амр баъид ба назар мерасад.

Ҳамчунин Денис Денисов, корманди ин пажӯҳишгоҳ таъкид кардааст, ки ба эҳтимоли қавӣ раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2020 низ тасмим ба номзад шудан дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин ду кишвар хоҳанд гирифт.